Ғоратгарӣ дар бозори "Панҷшанбе"

Маъмурини милиса як ҷавони 22-соларо бо иттиҳоми ғоратгарӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дастгиршуда, марди 22-сола, сокини шаҳри Хуҷанд мебошад.

Аз 800 то 1000 сомонӣ – ҳаққи далла ва ҳамхобагӣ бо танфурӯшҳои ҷавон дар Душанбе

Бар асоси тафтишот, муттаҳам 22-юми марти соли 2019, тахминан соати 20:00 дар назди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд бо роҳи зӯроварӣ аз дасти марди 23-солаи сокини шаҳри Хуҷанд як адад телефони мобилии тамғаи “Мезу” ва 1-адад ноутбук кашида гирифтааст.

Манбаъ арзиши дастгоҳҳои тасарруфшударо 900 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

ВУД афзуд, ки феълан алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 248 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ахиран ВУД инчунин хабар дод, ки қаллобии зани 26-сола, сокини Бӯстонро ошкор кардааст. Зан соли 2013 дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-сола даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллогинро ба маблағи 16 ҳазор доллар гирифта, то ҳол маблағашро надодааст. Манбаъ таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса низ идома дорад.