ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Кормандони бахши кишоварзӣ ва ҷангалпарварии Тоҷикистон камтарин музди моҳонаи кишварро дарёфт мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Музди миёнгини кормандони бонкҳо ва созмонҳои бимаӣ 2 ҳазору 898 сомонӣ (307 доллар) мебошад. Кормандони бахши тавлиди маъодин моҳе миёнгин 2 ҳазор сомонӣ (265 доллар) дарёфт мекунанд. Музди миёнгини кормандони сохтусозӣ 2,4 ҳазор сомонӣ (254,5 доллар), кормандони бахши энержӣ ва обрасонӣ 1,5 ҳазор сомонӣ (159 доллар) мебошад.
Бар асоси додаҳои манбаъ, музди миёнгини моҳона дар январи соли ҷорӣ дар кишвар 1 ҳазору 261 сомонӣ (133,7 доллар) буд.
Сатҳи музд бо назардошти таваррум дар муқойиса бо моҳи декабри соли гузашта 13,8 дарсад коҳиш ёфт.
Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 400 сомонӣ (42 доллар) мебошад.