Аз 800 то 1000 сомонӣ – ҳаққи далла ва ҳамхобагӣ бо танфурӯшҳои ҷавон дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 24-сола бо иттиҳоми даллагӣ хабар дод, ки аз мардон барои ҳамхобагӣ бо духтарони ҷавон аз 800 то 1000 сомонӣ мегирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, зани муттаҳам ҳамчунин ба ҷалби духтарон ба фоҳишагӣ, ки ҷиноят аст, айбдор мешавад.

Фоҳишахона барои чиниҳо дар Душанбе: асорат ва фурӯши бевазанҳо ошкор шуд - видео

Манбаъ афзуд, дастгиршуда худ сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе буда, дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Наврӯз дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт ба даллагӣ ва ҷалби духтарон ба фоҳишагӣ машғул шудааст.

“Аз ҷумла рӯзи 23-юми марти соли 2019, дар кӯчаи Маяковскии пойтахт ба даллагӣ машғул шуда, аз марди 34-солаи сокини шаҳри Кӯлоб барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо зани 24-солаи сокини кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт 1000 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ин ниҳод таъкид кард, ки муттаҳам бо ҳамин роҳ аз марди 25-сола ва зани 20-сола, сокинони пойтахт 800 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

ВУД афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти тоҷик бо қабули тағйирот ба қонунгузорӣ ҷазо барои даллагӣ ва ҷалб ба танфурӯширо сангинтар карданд.