Наврӯзи тоҷикони Маскав дар ВДНХ

Барои тамошобинон намоиши нақшу нигор ва духтҳои миллӣ ба роҳ монда шуда буд. Дар Нарӯзи тоҷикони Маскав дар ВДНХ байни ҷавонон гуштингирӣ ба роҳ монда шуда буд
Sputnik

Имрӯз 24 март намояндагони Тоҷикистон дар Маскав ва тоҷикони дар пойтахти Русия кору фаъолият мекардагӣ иди Наврӯзро дар ВДНХ ҷашн гирифтанд.

Тамоми рӯз иштироккунандагони ин ҷашн метавонистанд аз хурокҳои милӣ истеъмол намуда вақташонро хуб гузаронанд.

Хурокпазҳои ин ҷашнвора "Шеф-повар"-ҳои ошхонаҳои шаҳри Маскав буданд.

Ҳамчунин барои тамошобинон намоиши нақшу нигор ва духтҳои миллӣ ба роҳ монда шуда буд. Дар Нарӯзи тоҷикони Маскав дар ВДНХ байни ҷавонон гуштингирӣ ба роҳ монда шуда буд.