ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Шоми гузашта, 22 март дар Наврӯзгоҳи Душанбе ҷашни Наврӯз бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошукӯҳ таҷлил гардид.
Дар фарҷом раисҷумҳури Тоҷикистон суханронӣ намуда, барои ташкили ҷашн дар сатҳи олӣ, баҳои баланд дод.
"Ҳозирини мӯҳтарам, ҳамаи иштироккунадагони маҳфили бошукӯҳи имрӯза, ҳамаи роҳбарон, басаҳнагузорандагон, бастакорон , сарояндагон аз хурд то бузурги ин маҳфил. Ман ба ҳар яки шумо як ҷаҳон ташаккур мегӯям, баҳои шумо аъло", - таъкид дошт Раҳмон.
Раисҷумҳур гуфт, ки ин барномаи наврӯзӣ нисбат ба дигар барномаҳо хубу беҳтар буд.
"Сабабаш дар он ки аз наврӯзиҳои гузашта бисёр тайёрӣ хубтар, суруду шеърҳои нав, сарояндаҳо аксарият ҷавон ва ғайри Алоуддин ҳама аз замони итиқлолият буданд", - афзуд вай.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки аз меҳнату заҳматҳои ташкилкунандагону иштирокдорон хабар дорад. Ӯ аз тамошобинону ҳозирон хоҳиш кард, ки барои ин барнома "як қарсаки осмонкаф" зананд.
Раисҷумҳур дар фарҷом таъкид кард, ки Наврӯз ҷашни покиву дур шудан аз кинаву адоватҳост. "Бояд ба соли нав бо дилу нияти пок қадам гузошт".
"Моҳи март моҳи наврӯз аст, Худо кунад, ки ҳар рӯзи халқи Тоҷикистон мисли наврӯзӣ бошад. Барои ин заҳмат кашидан даркор, хондан даркор, ватанамона обод кунем созему дар арсаи байналмилалӣ обрӯи ватанамона бардорем", - таъкид намуд кишвардори Тоҷикистон.
Пештар дар бораи рақси раисҷумҳур дар ҳавои таронаи "Чаканпӯш" дар шоми 22 март хабар дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни барномаи наврӯзӣ чанд бор ба рақс даромада, дигаронро низ даъват намуд. Ӯ дар пайи анҷоми барнома ба ҳунармандон таҳсин хонда, дар хитоб ба тамошобинон гуфт, "шишта қавоқ андохтан даркор нест".
Аловиддин Абдуллоев, ҳаҷвнигор ва ҳунарманди шинохтаи тоҷик мебошад, ки дар барномаи наврӯзӣ бо суруди шӯхе иҷро намуд. Ҳунарманд ба наздикӣ сардор Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъин шуда буд.
Дар пайи анҷоми барномаи фарҳангӣ Эмомалӣ Раҳмон бо зер кардани тугмачае ба оташбозии идона оғоз бахшид. Барномаи наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳ бо оташбозии идона анҷом ёфт.