ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Пойтахти Қазоқистон Остона расман ба Нурсултон номгардон шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Тағйироти вижа ба сарқонуни кишварро раисҷумҳури нави кишвар ба имзо расонидааст.
"Шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон номгардон карда шавад", - гуфта мешавад дар фармони Тоқаев.
Ёдрас мешавем, 19 март президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истеъфо дод. Дар ҳамин ҳол вай гуфт, ки хизмат ба мардумро идома медиҳад.
Қосим-Ҷомарт Тоқаев раисҷумҳури нави Қазоқистон пешниҳод кард, ки ба Остон номи нав Нурсултон гузошта шавад.
Вакилони Қазоқистон худи ҳамон рӯз ба ҷонибдории ин пешниҳоди Тоқаевро овоз доданд.