Ҳабси ду шаҳрванди Қирғизистон дар робита ба парвандаи таҷовуз дар Ёқутистон

Ду шаҳрванди Қирғизистон бо иттиҳоми даст доштан дар таҷовузи як сокини шаҳри Якутск боздошт шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Сафорати Қирғизистон дар Русия мегӯяд, дар доираи таҳқиқи парвандаи таҷовузи як зан дар шаҳри Якутск ду шаҳрванди Қирғизистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.

Сокинони Ёқутистон тиллои аз ҳавопаймо рехтаро меҷӯянд

Пештар иттилоъ дода шуд, ки 17 марти соли равон як зан дар Якутск ҳадафи таҷовузгарон қарор гирифтааст. Гуфта шуд, ки муттаҳамон ҷабрдидаро аз майдончаи бозии кӯдакон рабудаанд.

Дар пайи ҳодиса ҷабрдида ба мақомоти пулис муроҷиат кардааст ва нафари муттаҳам, шаҳрванди Қирғизистон боздошт шуд. Инчунин дар ҳамдастӣ ба ин ҷиноят ду шаҳрванди дигари Қирғизистон боздошт гардиданд.

“Додгоҳи Якутск ду шаҳрванди дигари Қирғизистонро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ бо маслиҳати пешакӣ муттаҳам мешаванд”, - иттилоъ додааст сафорати Қирғизистон.

Манбаъ афзуд, ки муттаҳамон то 17 майи соли равон дар ҳабси пешакӣ қарор хоҳанд дошт.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи нашри хабари таҷовузи як зан дар Якутск сокинони маҳаллӣ ба эътирозҳо алайҳи муҳоҷирон баромада, бархе дар кӯчаю хиёбонҳо ба бедодгарӣ алайҳи муҳоҷирон даст задаанд.

Пулиси Ёқутистон муттаҳамон дар қонуншиканиҳо нисбат ба муҳоҷиронро боздошт карда, аз шаҳрвндон даъват кардааст, ки аз барангехтани кинаю адовати миллӣ худдорӣ кунанд.