Рақси Раҳмону эродаш аз дигарон: шишта қавоқ андохтан даркор нест –видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барномаи фарҳангиро, ки имрӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт ироаи тамошобинон шуд, баланд баҳогузорӣ карда, аз бархе тамошобинон эрод гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни барномаи наврӯзӣ чанд бор ба рақс даромада, дигаронро низ даъват намуд. Ӯ дар пайи анҷоми барнома ба ҳунармандон таҳсин хонда, дар хитоб ба тамошобинон гуфт, "шишта қавоқ андохтан даркор нест".

Раисиҷумҳур гуфт, ҳар чизи баде буд, дар соли куҳан то соати 12-и рӯзи 21-ум гузошта шаваду ба соли нав бояд бо хуррамӣ қадам гузошт.

“Хурсандӣ кардан даркор. Шишта қавоқ андохтан даркор нест. Хурсандӣ карданамон даркор, ки соли нав, соли хуршедӣ шавад, соли хуррамӣ, бофайзу баракат биёяд, соли бахту саодат бошад. Барои ҳамин дар Наврӯз ҳама бояд хурсандӣ кунад. Кинаҳоро дур карда, хурсандӣ карданамон даркор. Ин барои кулли мардуми Тоҷикистон, аз хурд то бузург. Худо кунад, ки ҳар рӯзи халқи Тоҷикистон мисли рӯзи наврӯзӣ бошад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон

Раисиҷумҳур ба аҳли ҳунар офарин хонд ва зикр кард, ки ба ғайр аз Аловиддин дигар ҳамааш насли Истиқлоланд.  Аловиддин Абдуллоев, ҳаҷвнигор ва ҳунарманди шинохтаи тоҷик мебошад, ки дар барномаи наврӯзӣ бо суруди шӯхе иҷро намуд.

Дар пайи анҷоми барномаи фарҳангӣ Эмомалӣ Раҳмон бо зер кардани тугмачае ба оташбозии идона оғоз бахшид.  Барномаи наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳ бо оташбозии идона анҷом ёфт.