Шӯрои ВАО дар бораи қиматшавии интернет, мудирияти нодурусти соҳа ва пайомадҳои он

Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон изҳорот додааст, ки боло бурдани арзиши Интернет дар шароити ногувори иқтисодӣ, дастрасии шаҳрвандонро ба иттилоот маҳдуд мекунад ва ба ин васила вазъи бе ин ҳам ногувори озодии баёнро дар Тоҷикистон ногувортар менамояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо нашри як изҳорот фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумат “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ”-ро, ки 4 марти соли 2019 содир шудааст, тасмими ноҳисобшуда ва номувофиқ ба вазъи иқтисодии кишвар ва шаҳрвандон медонад.

Дар Тоҷикистон бо арзиши 1 Гб интернет чӣ метавон харид

Шӯро ин тасмимро, ки бар асоси он нархи интернет аз охири моҳи равон дар кишвар боло бурда мешавад, хилофи масъулиятҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла масъулиятҳое хондааст, ки кишвар дар доираи узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфтааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки тибқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 яке аз самтҳои афзалиятнок барои самаранокии фаъолияти ҳукумат ин татбиқи ҳарчи зудтари ҳукумати электронӣ ва дар рушди иқтисодиёт бошад бахши иктисодиёти рақамӣ аст ва ин тасмими Хадамот расидан ба ин гуна ҳадафҳои стратегии миллиро душвор мегардонад.

“Тоҷикистон тибқи Конститутсия ва қонунгузорӣ ҷумҳурии демократӣ аст ва дар ҷомеаи демократӣ Интернет яке аз василаҳои зудамали на танҳо дарёфт ва табодули иттилооти озод мебошад, балки он ба як самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ба хотири беҳдошти зиндагии азрзандаи мардум низ табдил ёфта истодааст. Бинобар ин, бар асари боло бурдани арзиши Интернет дастрасии мардум ба он ва ҳамин гуна ба ахбору иттилои муҳими ҷаҳонӣ маҳдуд мешавад, ки ин хилофи меъёрҳои демократӣ ва пазируфташудаи ҷаҳонӣ мебошад”, - омадааст дар изҳорот.

Ман мухолифам: хашми корбарони Фейсбук аз болоравии арзиши интернет дар Тоҷикистон

Шӯрои ВАО ҳамчунин нигаронии худро аз додани афзалият ба яке аз ширкатҳои ҳозир дар бозор, изҳор медорад ва ин корро хилофи мантиқи фаъолияти худи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва талаботи қонунҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи монополияҳои табиӣ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон”, “Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол”, “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, “Дар бораи алоқаи барқӣ”, “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” медонад.

Ҳамчунин Шӯрои ВАО аз сол то сол паст шудани сифати хидматрасониҳои соҳаи алоқа, аз ҷумла сифату суръати Интернет ва дар ин замина гарон шудани арзиши гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар хидматрасониҳои интернетӣ изҳори нигаронӣ карда, онро пайомади мудирияти нодурусти соҳа медонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки чанд сол пеш Тоҷикистон пешгоми таҳаввулот дар бозори алоқаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳато кишварҳои пасошӯравӣ буд.

“Speedtest Global Index” суръати интернет дар Тоҷикистонро пасттарин дар ҷаҳон хонд

Шӯрои ВАО чунин меҳисобад, ки дар шароити ногувори иқтисодӣ ва вазъи ноҷӯри иҷтимоии шаҳрвандон, бидуни асос ва мантиқ боло бурдани арзиши Интернет ва хидматрасониҳо дигар пайомадҳои нохуби иқтисодиву иҷтимоӣ бар ҷой мегузорад.

Ин созмон афзуд, дар ҳоле, ки дар тамоми дунё, аз ҷумла ҳамсояҳои давру бари мо, тамоюли рӯ ба пойин рафтани арзиши Интернет мушоҳида мешавад, ин тасмим боиси норозигиҳо ва адами эътимод ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукумат мегардад.

Шӯрои ВАО аз мақомоти зидахли давлатӣ бекор кардани Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ”-ро дархост намуда, изҳори умед кардааст, ки минбаъд арзиши Интернет дар кишвар арзон мешавад ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ва дигар хизматрасониҳои фанновариҳои ҷадид роҳаттар мегардад.