Пайравӣ аз Назарбоев? сиёсатшиносҳои Русия дар бораи интиқоли қудрати Раҳмону Лукашенко

Сиёсатшиносон дар Русия мегӯянд, заминаҳое, ки ишора ба тағйири роҳбарони давлат дар Тоҷикистону Белорус тайи як-ду соли наздик мекунанд, феълан ба назар намерасанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Коршиносони Русия мегӯянд, дар ояндаи наздик Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия аз Нурсултон Назарбоев, ки аз мақоми раисиҷумҳури Қазоқистон канор рафт, пайравӣ нахоҳанд кард.

Сӯҳбати Раҳмон бо Назарбоев: умед ба идомаи фаъолияти пешво ва изҳори омодаи ҳамкорӣ бо ӯ

Владимир Жарихин, мудири Пажуҳишгоҳи ИДМ, мегӯяд, ҳеч заминасозиҳои аввалия, ки дар 1-2 соли оянда роҳбарони давлат дар Тоҷикистону Белорусия метавонанд, иваз шаванд, феълан ба назар намерасанд.

“Замоне дар низоми онҳо низ тағйироти такондиҳанда рух хоҳанд дод, аммо дар ояндаи наздик намебинам чунин тағйиротро”, - изҳор доштааст Жарихин ба РИА Новости.

Ба гуфтаи Жарихин, Назарбоев шеваи стандартии интиқоли ороми қудрат дар низомҳои ғайридемократиро кор бурд.  Ӯ зикр кард, ки дар гузашта аз ин усул асосгузори Сингапури муосир, Ли Куан Ю ва роҳбари Чин, Дэн Сяопин истифода карданд.

Жарихин таъкид кардааст, ки аз ин шеваи канорагирӣ аз қудрат роҳбарони барҷаста ва дурбин кор мебаранд.

Алексей Бичков, роҳбари бахши кишварҳои ИДМ дар Институти таҳқиқоти сиёсӣ мегӯяд, раванди интиқоли қудрат дар Белорусия соли 2020 оғоз меёбад, чун вазъи феълии иҷтимоӣ дар ин кишвар чандон хуб нест.

Шуморо дар Тоҷикистон мешиносанд: Раҳмон ба Тоқаев барқияи шодбошӣ ирсол кард

Бичков бар ин аст, ки дар Тоҷикистон эҳтимолияти он, ки роҳбари давлат бо роҳи муқаррарӣ қудратро ба ҷонишинаш диҳад, хеле кам аст. Ба гуфтаи Бичков дар Тоҷикистон  эҳтимоли интиқоли қудрат тариқи васият, бо шеваи монархӣ аз падар ба фарзанд, ё наздикони дигар имконпазир аст.  

Денис Денисов, сиёсатшиноси Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, мегӯяд, Лукашанко тамоми имконият барои паси сар кардани чанди даври дигари роҳбариро дорад. Ӯ афзуд, он таҳкурсиҳое, ки дар арафаи тағйири қудрат дар Қазоқистон буданд, дар Тоҷикистон ва Белорусия ба назар намерасанд.

Ин назари коршиносони Русия дар ҳолест, ки шоми 19 март раисҷумҳури ҳамакнун пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар муроҷиат ба мардум эълом кард, ки ба истеъфо меравад.

Феълан, то интихоботи президентӣ дар Қазоқистон масъулияти раисҷумҳурӣ бар дӯши раиси пешини Сенати парлумон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аст. Духтари Назарбоев - Дариға Назарбоева дар мақоми роҳбари Сенат ҷойгузини Тоқаев гашт.