Навори латтукӯби як зан аз ҷониби милиса дар маркази Душанбе дар рӯзи Наврӯз

Ба гуфтаи корбарон, қазия имрӯз дар наздикии бинои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар назди қаҳвахонаи "Паркинг" сурат гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Як корбари фаъоли Фейсбук навореро ба миён гузоштааст, ки дар он латтукӯби бераҳмонаи як зан аз ҷониби зоҳиран корманди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи корбарон, қазия имрӯз дар наздикии бинои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар назди қаҳвахонаи "Паркинг" сурат гирифтааст.

Дар навор дида мешавад, ки байни онҳо чӣ радду бадале мегузарад ва корманди мақомот бо чӯбе, ки дар дасташ дошт ба зан таҳдид мекунад. Сипас зан дасти худро ба тарафи милиса дароз мекунад. Дар ҳамин ҳол,милиса чанд шатта ба рӯйи зан мезанад. Ду марди роҳгузар кӯшиши дахолат ба ин ҷанҷол мекунанд ва зан, ки доду фарёд мекард, аз паси милиса як шатта мезанад.

Дар қисмати дигари навор зан рӯйи асфалт хоб аст ва корманди милиса ҳамоно дар наздаш аст. Садои "девона аст" ва доду фарёди зан шунида мешавад.

"Ин саҳна дар рӯзи ид аст. Ҳодисаи даҳшатвор имрӯз дар наздикии Вазорати мудофиа, назди қаҳвахонаи "Паркинг" рух додааст. Милиса занро зад. Мардон бошанд аз назди ин саҳна бепарво мегузаранд. Мардон дифои шумо дар куҷост? Мо аз кормандони милиса ҳимоя меҷӯем, онҳо худашон ҷинояткоранд. Бояд ёфт ва ҷазо дод!", - менависад ин корбари Фейсбук.

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, феълан наворро дастрас карда, таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст.