Пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев миёни нозирони хориҷӣ саволе ба миён омад: ҷойгузини Назарбоев - Қосим-Ҷомарт Тоқаев роҳи пешворо дар арсаи байналмилалӣ идома медаҳад ё сиёсати хориҷии Қазоқистон тағйир медиҳад?
Грозин: Тоқаев дар сиёсати хориҷии Қазоқистон тағйироте ворид намекунад
© Sputnik
Ба гуфтаи коршиноси рус, шарқшинос Андрей Грозин гумон намеравад, ки раисҷумҳури нав самти сиёсати хориҷии Қазоқистонро, ки меъмораш худи ӯст, тағйир диҳад.
"Фикр намекунам, ки метвон ягон тағйироти куллиро интизор шуд. Бояд қайд кард, ки сиёсати хориҷиашро Қазоқистон бо роҳабарии худи Тоқаев муайян кардааст", - гуфт Грозин ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, Тоқаев чун шахси фурӯтан шинохта шудаасту боре изҳороти тунд накардааст.