Дар Маскав дар ҷашни Наврӯз се тон оши палав мепазанд

Дар Маскав 24 марти сола равон дар яке аз бузургтарин ғурфаҳои ВДНХ ё Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодиву кишоварзӣ фестивали оши палав баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Дар шаҳри Маскав 24 марти сола равон дар яке аз бузургтарин ғурфаҳои ВДНХ ё Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодиву кишоварзӣ зимни таҷлили ҷашни Наврӯз фестивали оши палав баргузор мегардад, иттилоъ додааст Виталий Сучков, роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ.

Дар Маскав шаш дег ош пухтанд: лаҳзаҳо аз озмуни "Оши палав"

“ма ба назар гирифтем, ки соли гузашта оши палав ба бисёри меҳмонон нарасид. Ба ҳамин хотир имсол тасмим гирифтем, беш аз 30 дег ош пазем. Дар соли 2017 ошпазон беш аз як тонна биринҷ, соли гузашта наздик ба якуним тонна биринҷро пухта буданд. Дар соли равон тасмим дорем се тон биринҷро оши палав пазем”, - гуфт Сучков.

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ВДНХ инчунин консерт бо иштироки ҷамъиятҳои тоҷикон баргузор мегардад. Инчунин беш аз 30 нуқтаҳои хурокҳои миллӣ омода карда мешавад. Барандагони барномаи наврузӣ дар ВДНХ артисти халқии Русия Артем Каминский ва барандаи телевизион Светлана Зейналова.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Маскав дар кӯчаи Арбати кӯҳан (Старый Арбат) гузашт, ки дар он барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баргузор шуда буд.