Дар Хуҷанд бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникӣ ба истифода дод шуд

Дар шаҳри Хуҷанд бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба истифода дод шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Бо иштироки муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ мавриди истифода қарор гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи ҷашни Наврӯз ба мумфаршкунии роҳҳои шаҳри Хуҷанд оғоз кард

Бино бар иттилои манбаъ,  бинои нави озмоишгоҳ, ки дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёд шудааст.

Бинои озмоишгоҳ аз се ошёна иборат буда, аз ҳисоби донишкада бо харҷи 1миллиону  400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ошёнаҳои якум, дуюм ва сеюми бино озмоишгоҳҳои нав барои донишҷӯёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ таъсис ёфта, озмоишгоҳҳо пурра бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд.

Таҷҳизоти озмоишгоҳҳо дар натиҷаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва аз ҳисоби буҷети донишкада дастрас гардидааст. Дар доираи лоиҳаҳои гуногун 54 нафар омӯзгорону кормандони донишкада дар донишгоҳу корхонаҳои Олмон, Латвия, Литва, Полша, Чину Қазоқистон ихтисоси худро такмил дода, тарзу усули кор бо таҷҳизоти навро омӯхтанд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид доштанд, ки истифодаи технологияҳои муосир ва озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, барои ба вуҷуд овардани навгониҳо талошу кӯшиш намоянд.

Аҳмадзода барои баргузории Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2019" қарор содир кард

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ аз 20 ихтисоси зинаи бакалавриат 17 ихтисосро тахассуси муҳандисиву технологӣ ташкил мекунад.

Ҳамзамон ахиран дар кӯчаи Камоли Хуҷандии маркази вилоят қаҳвахонаи "Шоҳона" ба истифода дода шуд. Қаҳвахонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар заминаи бинои бекорхобида бо тарҳи нав бунёд гардид. Дар қаҳвахонаи "Шоҳона" барои мизоҷон хӯрокҳои милливу аврупоӣ пешниҳод карда мешавад.