ВКД: 50 ҳазор сомонӣ бар ивази видеои шаҳвонӣ

Бо таҳдиди ифшои сабти видеои дорои ҳолатҳои шаҳвонӣ ва ҷодугарӣ аз сокини ноҳияи Шаҳритуз 50 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як амали ғоратгарӣ ошкор шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо гумони роҳзанӣ дастгир гардид.

Ба хонаи мард даромаду ғорат кард: ВУД аз боздошти зане ба иттиҳоми дуздӣ хабар дод

Номбурда, 15-уми марти соли 2019, тахминан соати 20:20-дақиқа, ба манзили истиқоматии зани 37-солаи сокини ноҳияи Шаҳритуз даромада, бо истифода аз корд ҷавоҳироти тиллоиаш, ки 1900-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тафтишот муайян намуд, ки номрбуда ба кирдори ҷинояткоронаи худ қонеъ нагардида, бо мақсади ба даст овардани маблағи махсусан калон бо маслиҳати пешакӣ бо марди 30-солаи сокини ноҳияи Н.Хусрав, рӯзҳои 15, 16 ва 18-уми марти соли 2019, ба хонаи марди 41-солаи сокини кӯчаи Бояркинаи ноҳияи Шаҳритуз даромада, бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда маҷбур месозанд, ки ба онҳо 50 ҳазор сомонӣ диҳад, вагарна навори сабти видеоиро оиди бо шаҳрвандон алоқаи ҷинсӣ ва ҷодугарӣ кардани ӯро ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд.

Айни замон гумонбарони ин ҷиноят дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.