Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Тотористон ёддошти тафоҳум имзо карданд

Дар доираи сафари Рустам Минниханов, роҳбари Тотористон ба Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik.  Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон бо иштироки Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон ва Рустам Минниханов роҳбари Тотористон баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи сармяогузорӣ.

Рустам Минниханов, раисиҷумҳури Тотористон вориди Душанбе шуд

Манбаъ қайд намудааст, ки форуми дуҷонибаи соҳибкорон маротибаи аввал бо иштироки роҳбари Тотористон баргузор гардида, барои кушодани имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистону Тотористон мусоидат хоҳад кард. 

Бино бар иттилои манбаъ, дар форуми мазкур аз имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва имкониятҳои тиҷоратию иқтисодии Тотористон маълумот дода шуд.

Дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 300 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Тотористон, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати техникӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, Кумитаи рушди сайёҳӣ, КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, КВД “Тоҷинвест”, Палатаи савдо ва саноат ва дигар корхонаҳои давлатию соҳибкорон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тотористон низ иштирок намуданд. 

Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Тотористонро ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ даъват кард

Сипас вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон, “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) ва “Соҳибкор бо намояндаи давлат” (В2G) баргузор гардида, гуфтугӯҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо мавриди таваҷҷӯҳи байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуд.

Дар анҷоми форум Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Палатаи савдо ва саноати Тотористон ба имзо расонида шуд.