Остона Нурсултон шуд

Имрӯз, 20 март бо қарори Ҳукумати Қазоқистон шаҳри Остона ба номи Президенти аввали кишвар - Нурсултон табдил дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Пойтахти Қазоқистон – Остона ба Нурсултон табдил дода шуд, иттилоъ додааст РИА Новости.

Нурсултон Назарбоев истеъфо дод

Қарор дар бораи табдил додани номи пойтахти Қазоқистон – Остона ба Нурсултон, яъне ба номи Президенти аввали кишвар имрӯз, 20 марти соли 2019 ба имзо расонида шуд.

Оид ба ин, тағйирот ва иловаҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар хониши дуюм  ва ниҳоӣ қабул гардиданд.

Ҳамчунин духтари калонии собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев – Дариға Назарбоева ба вазифаи роҳбари парлумони кишвар интихоб гардид. Дариға Назарбоева баъди ба курсии президенти гузаштани Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ҷои ӯ интихоб шуд.