Маоши воқеӣ дар Тоҷикистон 13,8 дарсад коҳиш ёфт

Ожонси омори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон маоши кормандони бахшҳои гуногун дар кишварро нашр кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва моҳидорӣ мегиранд, хабар дод ТоҷикТА бо истинод ба Ожонси омор.

Вазорати тандурустӣ роҳбару мутахассис меҷӯяд: маош то 2,4 ҳазор сомонӣ

Ба иттилои манбаъ кормандони ин бахшҳо ҳудуди 59 доллар маош мегиранд.

Музди баландтаринро дар Тоҷикистон кормандони бонк ва ширкатҳои суғурта мегиранд. Ожонси омор музди миёна дар ин бахшҳоро 307 доллар гуфтааст.

Афроде, ки дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок кор мекунанд, 265 доллар, сохтмончиён – 254,5 доллар ва кормандони бахши соҳаи барқу об 159 доллари амрикоӣ маоши миёна доранд.

Ожонси омори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки маоши миёнаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ ба 134 доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳаҷми музди воқеӣ бо назардошти сатҳи таваррум дар қиёс ба моҳи декабри соли 2018 13,8 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ҳудуди 42 долларро ташкил медиҳад.