Ҳамшаҳри худро бо корд ба ҳалокат расонид

Сокини 25 солаи ҷамоати деҳоти Дурбдати шаҳри Ҳисор дар ошхонаи “Қубодиён”-и ҳамин шаҳр сокини 27-солаи ҳамин шаҳрро бо корд ба ҳалокат расонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дурбдати шаҳри Ҳисор бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи кишвар.

Номбурда, 17-уми марти соли 2019, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар ошхонаи “Қубодиён”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри мазкур бо марди 27-солаи сокини ҳамин шаҳр аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.

Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.