Нурсултон Назарбоев аз 24 апрели соли 1990 то 19 марти соли 2019 роҳбарии Қазоқистонро дар дӯш дошт. Ӯ аз 22 июни соли 1989 котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Қазоқистон буд.
Ба Назарбоев аз соли 2010 унвони "Пешвои миллат" сазовор дониста шудааст.
Аммо 19 марти соли 2019 Нурсултон Назарбоев эълом кард, ки истеъфо медиҳад.
Ҳамчунин Қазоқистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ягона кишваре мебошад, ки аз даврони истиқлолият президент иваз нашудааст.
Назарбоев яке аз сиёсатмадорони сарватмандтарин аст. Нашрияи Handelsblatt дороии ӯро 1,1 миллиард доллар ҳисоб кардааст.