Ошкор шудани як фоҳишахонаи дигар дар Душанбе: зани 38-сола ташкил кард

ВУД як сокини 38-солаи Душанберо бар ташкили фоҳишахона муттаҳам мекунад. Ӯ зану мардҳои бегонаро барои муносибатҳои фаҳрамона ошно карда, маблағ мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани фоҳишахона дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, зане ҷавоне ба ташкили он муттаҳам мешавад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 38-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.

Гуфта мешавад, "номбурда, 13-уми марти соли 2019, тахминан соати 20:30-дақиқа, хонаи муваққатан истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: зани 47-сола ва марди 28-солаи сокинони пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст".

Табдил додани манзили истиқоматӣ ба фоҳишахона

Тафтишоти қазия идома дорад.

Моҳҳои феврал ВУД аз ошкор шудани фоҳишахонаи дигар дар Душанбе хабар дода буд.

Ба иттилои манбаъ, ҷавони 19-солаи Душанбе даст ба ин ҷиноят зада, манзили ба иҷора гирифтаашро ба фоҳишахона ташкил дода буд.

Ӯ барои фароҳам овардани шароит барои муносибатҳои маҳрамона аз зану марди бегонае 200 сомонӣ рӯйинидааст.