Обуҳавошиносон: дар пойтахт борон вале дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад.  Ҳаво  шабона 7-9  ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 2000 метр  барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7-12  ва рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 1-6  дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа сард мешавад.  Рўзона ҳаво  3-8 дараҷа  гарм мешавад.

Баҳори сард: имрӯз дар Тоҷикистон борону барф дар назар аст

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар  баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боридани борон ва барф  дар назар аст. Дар  шарқи вилоят ҳавои  бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 4-9  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   12-17  ва  дар баъзе ноҳияҳо то 25-30 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат  ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр  барф  борида, раъду барқ ба амал меояд.   Шамол аз самти ғарб бо суръати   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8-13  ва  рӯзона 15-20 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  шуда,  рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борони   бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14  ва рӯзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  4-9  ва   рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад.