Азим Иброҳим: омилони сар задани моҷаро, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд - Навор

Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон баъди анҷоми музокирот дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид намудааст, ки нафароне, ки дар сар задани моҷаро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон даст доранд ва боиси кушта шудани ду нафар гардид, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, 18 март гуфтушунидҳои серӯзаи ҳайати кишварҳо таҳти роҳбарии муовинони сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Жениш Раззоқов дар мавриди қазияи дар сарҳад рухдода ба итмом расиданд.

Имзои протокол: роҳ ба Ворух кушодаю роҳи Оқсой – Тамдиқ сохта мешавад

Бино бар иттилои Азим Иброҳим мувофиқаи ҳосилшуда дар як протоколи муштарак сабт  гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суҳбат бо хабарнигорон, ки баъди анҷоми музокирот доир карда шуд,  аз роҳи Исфара-Ворух дур кардани сарҳадбононро яке аз дастовардҳои асосии гуфтушунидҳо номид. 

“Вале як мувофиқаи муҳими мо, ки дар протокол  инъикос ёфтааст, ин аст, ки  омилони сар задани ин моҷаро, ки боиси кушта шудани ду нафар гардид,  ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ба прокуратураҳои ҳарду кишвар дар ин бора дастур дода шуд”, — гуфт Азим Иброҳим.

Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо доир ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд, ки қариб   нисфи он ҳанӯз  муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо муовинони сарвазир бо сокинони Ворух вохӯрда, ба онҳо ваъда доданд, ки рафти иҷрои тавофуқҳои ҳосилшударо назорат хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсии Оқсой - Тамдиқро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.