Баъди чанде дар тамоми гӯшу канори Тоҷикистон Наврӯзро ҷашн мегиранд. Феълан пойтахти кишварро ба ин ҷашн омода мекунанд.
Дар Душанбе таҷлили Наврӯз аз майдони "Дӯстӣ" оғоз мешавад.
Афзун бар ин, дар чор ноҳияи Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор карда мешаванд.
Дар маркази шаҳр ярмаркаи идона ташкил мегардад, ки аз он меҳмонону сокинон метавонанд тӯҳфаҳои идона харанд.