Ҷазои Суфиев барои саркашӣ аз таъминоти модари солхӯрда

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Суҳроб Суфиев, сокини 40-солаи пойтахтро барои саркашӣ кардан аз таъминоти модараш ба 120 соати корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ маҳкум кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, барои Суҳроб Суфиев, ҳафтаи гузашта ҷазо дар намуди 120 соати корҳои бемузди ҷамъиятӣ - на зиёда аз чор соат дар як рӯз, таъйин карда шуд.

Кордкашии модари тоҷик сӯи духтари 18-солааш дар нисфи шаб

Манбаъ афзуд, Суфиев Суҳроб, ки худ соҳиби ду фарзанди ноболиғ мебошаду ҷои кори расмӣ надорад, бо дастури додгоҳ аз 1 июни соли 2018 бояд барои таъминоти модараш – Фазила Суфиеваи 61-сола ҳар моҳ 120 сомонӣ алимент пардохт мекард.

“Аммо ӯ бидуни сабабҳои узрнок аз моҳи июни соли 2018 то моҳи феврали соли 2019 уҳдадориашро иҷро накардааст. Маблағи алименти пардохтнакардаи Суфиев ба 960 сомонӣ расидаст”, - иттилоъ дод додгоҳ.

Манбаъ афзуд, ки Суфиев дар мурофиаи додгоҳӣ худро пурра гунаҳкор хондааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хотиррасон кардааст, ки моддаи 178 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани фарзандон аз иҷрои қарори суд дар бораи пардохти маблағ барои таъминоти волидайни ғайриқобили меҳнат ё эҳтиёҷманд, ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ, ислоҳӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ намудааст.