Обуҳавошиносон дар бораи ҳавои рӯзи 18 март дар Тоҷикистон

Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои беборишро пешгӯӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  13-18 ва рӯзона аз 0-5 то 1-6 дараҷа сард мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Ҷавонони Тоҷикистон пагоҳ ба Ҳисор мераванд, ба наврӯзӣ

Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 ва  рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рўзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа сард мешавад. Рўзона ҳаво 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-11 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.