Назарбоев сафири навашро дар Тоҷикистон таъйин кард

Бо қарори Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон Тажибаев Аскар Ерликович сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik.  Нурсултан Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон сафири навашро дар Тоҷикистон таъйин намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Қазоқистон.

Назарбоев ба сафираш дар Тоҷикистон мансаби нав дод

Тибқи иттилои манбаъ, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Тажибаев Аскар Ерликович таъйин гардидааст.

Тажибаев Аскар Ерликович дар сохтори Вазорати умури хориҷии Қазоқистон кор мекард. Инчунин вай роҳбари департаменти кишварҳои ҳамсудро дар Вазорати хориҷа бар уҳда дошт.

Ёдрас мешавем, ки Нурлан Сайтимов, ки аз соли 2016 то ҳол сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон буд, ахиран бо амри раисиҷумҳур котиби масъули ВУХ Қазоқистон таъин гардид.

Тибқи иттилои сомонаи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Сейтимов хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, факултаи муносибатҳои байналмилалии Академияи дипломатии ВУХ Русия, номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Ӯ бо фармони раисиҷумҳури Қазоқистон моҳи марти соли 2016 сафир дар Тоҷикистон таъин гардида буд.