JICA дурнамои ҳамкориҳояшро барои солҳои 2018-2023 дар Тоҷикистон муаррифӣ кард

Намояндагии Агентии Ҷопон доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар як нишасти матбуотӣ вижа фаъолияти худро дар соли 2018 ва шиносоӣ бо стратегияи нави ҳамкории JICA бо Тоҷикистонро арзёбӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik.  Намояндагии Агентии Ҷопон доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар соли гузашта 5 лоиҳаро ба анҷом расонида, 2 лоиҳаи дигарро роҳандозӣ намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Хидеки Танабе, намояндагии Ожонсии Ҷопон доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, саҳмгузории JICA-ро ба рушди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Синичи Китаока, роҳбари JICA

Инчунин, вай дурнамои ҳамкории JICA барои солҳои 2018-2023-ро дар Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Ёдрас мешавем, ки JICA ҳамкориҳои техникии худро бо Тоҷикистон аз соли 1993 бо даъвати хизматчиёни давлатӣ бо мақсади таҳсил дар Ҷопон ва аз худ намудани таҷрибаи Ҷопон доир ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ оғоз намуд.

То аввали соли 2018 тибқи ин барномаи мазкур, зиёда аз 2200 нафар дар Ҷопон таҳсил гирифтааст.

Дафтари Намояндагии Ҷопон дар Тоҷикистон соли 2006 ба фаъолияти худ шурӯъ намуда, аз он замон лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техникиро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини оби нӯшокии бехатар, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барнома оид ба идоракунии сарҳад ва барнома оид ба рушди иқтидор амалӣ намуданд.

То имрӯз 35 лоиҳаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) бо маблағи 349, 6 млн доллари ИМА дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, айни замон 11 лоиҳа амал карда истодаанд.