ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Бино ба иттилои равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 30 март дар толори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ баргузор мешавад.
"Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 30 марти соли 2019 аломати сабти давлатии силсилаи "РВ"-01 ба таври музояда фурӯхта мешаванд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.
"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоия.
Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.
Рақамҳои зебо дар саҳифаи Вазорати умури дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бори охир Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон рақамҳои зебои силсилаи
"НР" - 01 ва "DD" - 07-ро ба музояда гузошта буд.