Кордкашии модари тоҷик сӯи духтари 18-солааш дар нисфи шаб

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як модари 52-соларо дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба фарзандаш муттаҳам мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, аз ҷониби маъмурини милисаи ноҳияи Рӯдакӣ, зани 52-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуд, ки дар расонидани зарари вазнин ба саломатии фарзандаш гумонбар дониста мешавад.

Зане, ки шавҳарашро кушту дар ҳуҷраи хобаш сементпӯш кард, 23 сол зиндонӣ шуд

Манбаъ мегӯяд, ҳодиса нисфи шаби 15 ба 16 март рух дода, модар бо се зарби корд духтари 18-солаашро маҷруҳ кардааст.

“Номбурда, шаби 15 ба 16-уми марти соли 2019, тахминан соати 03:30-дақиқа, ҳангоми муноқишаи оилавӣ дар хонаи истиқоматиаш бо духтари 18-солааш, ки сокини ҳамон ҷо мебошад, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, се маротиба ба китфи чапаш задааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ин ниҳод афзуд, ки дар натиҷа ҷавондухтар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Мақомоти умури дохилӣ ҷузъиёт ва омилҳои кордкашии модар сӯи ҷавондухтар дар нисфи шабро ироа накардааст.