Саломат бошед: дар шаҳри Конибодом маркази саломатӣ ифтитоҳ шуд

Дар Маркази саломатӣ 4 духтури оилавӣ, 1 духтури амрози занона, 1 духтури дандон ва 13 корманди миёнаи тиб фаъолият мебаранд ва ба беш аз 12 000 сокинони ҷамоат хизмат мерасонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар деҳаи Диловарони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом бинои Маркази саломатӣ пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад равобити умумии мақомоти вилояти Суғд.

Дар маросими ба истифодадиҳии иншооти соҳаи тандурустӣ муовини раиси вилоят Рустам Каримзода, роҳбарияти шаҳр, масъулини соҳаи тандурустӣ ва сокинони деҳаи Диловарон иштирок намуданд.

Ба итилои манбаъ, маркази саломатӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 250 000 сомонӣ навсозӣ гардида, дорои 16 ҳуҷраи корӣ ва табобатӣ мебошад.

Дар Маркази саломатӣ 4 духтури оилавӣ, 1 духтури амрози занона, 1 духтури дандон ва 13 корманди миёнаи тиб фаъолият мебаранд ва ба беш аз 12 000 сокинони ҷамоат хизмат мерасонанд.