Ҳунарнамоии серӯзаи Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон

Ҳунарманди номӣ моҳи апрел се рӯз дар Тоҷикистон консерт мегузорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Юлдуз Усмонова, ҳунарманди номии Узбакистон дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора ташкилкунандагони консерт дар Фейсбук хабар додаанд.

Дар назар аст, консерти ҳунарманд се рӯз-26, 27, 28-уми апрел дар шаҳрҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Душанбе баргузор шаванд.

Ташкилкунандагон арзиши билетҳоро дар Душанбе аз 200 то 300 сомонӣ гуфтаанд.

Ахиран ин ҳунарманди номӣ моҳи майи соли 2017 дар Тоҷикистон консерт гузошта буд. Усмонова бо рӯзноманигорон мулоқт ва таассуроташ аз Тоҷикистонро гуфта буд.

Моҳи марти соли 2018 дар рафти сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ӯ дар ҳайъати ситораҳои Узбакистон боз ба Душанбе омад ва дар назди раисҷумҳури Тоҷикистону Узбакистон ҳунарнамоӣ кард.