ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоири маъруф Давлат Сафарзода ба вазифаи нав таъин гардид.
Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 14 марти соли 2019 сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоири маъруф Давлат Сафарзода ба вазифаи директори Муассисаи нашриявии «Адиб» таъин гардид.
То ин дам роҳбарии муассисаи мазкурро адиби шинохта Гурез Сафарзода дар уҳда дошт.