Ҷойи кори бештар: Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ корхонаи мебелсозиро ба истифода доданд

Корхонаро соҳибкор Изатулло Давлатов бо сарфи бештар аз 27 миллион сомонӣ бунёд кардааст. Дар корхонаи навбунёд 80 нафар ба ҷои кор таъмин шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Имрӯз, 15 март раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар маросими ифтитоҳи корхонаи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бисот” иштирок намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, корхонаро соҳибкор Иззатулло Давлатов бо харҷи 27 миллион сомонӣ бунёд кардааст.

"Дар ин ҷо асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравии замонавӣ истеҳсол карда мешавад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раҳмон: "норасоии ҷойҳои нишастро дар мактабҳои Душанбе аз байн мебарем"

Корхонаи нав 80 нафарро бо ҷои кор таъмин кардааст. Масолеҳи хом ба "Бисот" аз Русияву Итолиё ва Туркия ворид карда мешавад.

Дар шафати ин корхона ҳамчунин як бинои хуштарҳу замонавии сеошёна, ки толори фурӯши мебели “Бисот” ном гирифтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Оянда дар шафати корхонаи мазкур бунёди коргоҳи истеҳсоли қисмҳои металии мебел ва як бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои коргарон ба нақша гирифта шудааст.

Дар марҳилаи дуюм бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав воридоти қисмҳои металии мебел аз хориҷи кишвар коҳиш меёбад ва дар ин замина маҳсулоти тайёр бо нархи нисбатан арзон пешниҳоди харидорон карда мешавад.