Ҷазои гунаҳкорону навбатдории шабонарӯзӣ: се созиши генерал Раҳимзода бо ҳамтои қирғизаш

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш, Қашқар Чунушалиев дар вилояти Бодканд музокирот анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Раҳимзода ва Чунушалиев таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда, барои амният дар навоҳии наздимарзӣ созиш кардаанд.

Вакилзани тоҷик ба марз бо Қирғизистон рафт: парлумон гуфт, хомӯш нест

Тибқи иттилоияи Вазорати умури дохилии Қирғизистон, ҷонибҳо барои ташкили гуруҳи муштараки оперативӣ - тафтишотӣ ба тавофуқ расидаанд, ки ба таҳқиқи қазия машғул мегардад.  

Созиши дуюми вазирҳо ташкили гуруҳҳои дидбонӣ бо шумули милисаҳои Тоҷикистон Қирғизистон мебошад, ки шабонарӯз навбатдорӣ хоҳанд кард. Ин гуруҳҳо ба таъмини амнияту тартибот ва кумак ба сокинони наздимарзӣ машғул хоҳанд шуд.

Созиши сеюми вазирони умури дохилӣ ин муҷозоти гунаҳкорон мебошад, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотии муштарак муайян хоҳанд шуд ва нисбаташон қарори мунсифона қабул хоҳад шуд.

Феълан як ҳайати ҳукуматӣ ва парлумонии Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса қарор дорад.

Субҳи имрӯз Маҷлиси намояндагон баён доштааст, ки “масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон яке аз масоили ҳассос аст ва махсусан баъд аз он, ки он ҷо ҳамватани мову шумо қурбон шудааст”.

Қирғизистон: дар пайи тирпарронӣ дар марз се қирғиз маҷрӯҳ шуданд

Палатаи поёнии парлумон таъкид кардааст, ки дар баробари Комиссияи ҳукуматӣ чанд рӯз аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла Шамсиддинзода Мавзуна дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва дар паҳлуи мардуми Исфара масъаларо пайгирӣ менамоянд.

Мавзуна Шамсиддинзода, вакили парлумон аз ҳавзаи Исфара буда, то соли 2014 ҳамчун муовини раиси шаҳри Исфара фаъолият кардааст.

Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон шоми 14 март бо нашри як изҳорот  вазъ дар марз бо Қирғизистонро мураккаб хонд.
Дар пайи ин танишҳо аз тири марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, чандин нафар маҷруҳ шудаанд. Теъдоде тоҷикистониёне, ки бар асари сангзанӣ аз ҷониби Қирғизистон маҷруҳ шуданд, даҳҳо нафар арзёбӣ мегардад.  Вазорати тандурустии Қирғизистон шумораи шаҳрвандони осебдидаи ин кишварро дар танишҳо 3 нафар гуфтааст.