Таҳдиди худкушии Шарифбек дар гарнизони Душанбе: ӯ гуфт, маҳбас мераваму хизмати ҳарбӣ не

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе, ҷавонписареро, ки аз ноҳияи Фирдавсӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд, ба 2 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе,  Зулфиқоров Шарифбек Ҷурабекович, 27 октябри соли 2018 бо қарори комиссияи даъватии ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои хизмати ҳарбӣ қобил дониста шуд.

Фармони нави Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ

Манбаъ афзуд, духтурони комиссияи даъватии шаҳри Душанбе низ Зулфиқоровро бо маҳдудияти ҷузъӣ барои хидмати ҳарбӣ қобил эътироф карда, ба  нуқтаи ҷамъшавии муввақатии навдаъватшавандагон равон кардааст.

Додгоҳ афзуд, ки Зулфиқоров аз 27 октябри соли 2018 то 8 ноябри соли 2018 бо мақсади тамоман озод шудан аз адои хизмати ҳарбӣ худро бемор вонамуд карда,  бо фиребу найрангҳои дигар барои равон намудан ба қисми харбӣ мухолифат мекардааст.

Ниҳоят Зулфиқоровро 8 ноябри соли гузашта ба қисми ҳарбии 42660-и Ожонси таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Тоҷикистон равон кардаанд, аммо ӯ дар он ҷо низ аз адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудааст.

“Қассос” дар хизмати ҳарбӣ бо 1 соли зиндон анҷомид

Ба иттилои додгоҳи низомӣ, Зулфиқров дар қисми ҳарбӣ изҳор доштааст, ки ӯ барои маҳбасӣ шудан розӣ буда, мақсади адои хизмати ҳарбиро надорад.

“Ӯ инчунии изҳор кардааст, агар ӯро дар қисми ҳарбӣ монанд ӯ ба худкушӣ ё ба ягон ходисаи дигари нохуш даст мезанад”, - афзуд манбаъ.

Додгоҳ Шарифбек Зулфиқоровро дар бар асоси моддаи моддаи 376 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ – саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи худмаибкунӣ ё усулҳои дигар гунаҳкор дониста, ба 2 соли зиндонаш умумӣ маҳкум кардааст.