Ситораҳои Тоҷикистон дар Миср таҷрибаомӯзӣ хоҳанд кард

Гурӯҳҳои ҳунарии Тоҷикистон дар Миср таҷрибаомӯзӣ хоҳанд кард. Ин масъаларо вазири фарҳанг бо сафири Миср баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо сафири Мисри Араб дар Тоҷикистон бо иқомат дар шаҳри Маскав ҷаноби Иҳоб Наср вохӯрд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба байни гуруҳҳои ҳунарии Миср ва Тоҷикистон суҳбат намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот байни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мисри Араб Ёддошти тафоҳум имзо шудааст.

Қайд мешавад, ки вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба сафири Миср мусаввараи кундалро бо нақшу нигори чакан тақдим намудааст.

"Ҷаноби Иҳоб Наср гуфта, ки оид ба чакани тоҷикӣ, ки ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст, маълумот дорад ва гирифтани чунин тӯҳфаи дилписанд ӯро хеле хушҳол гардонид".