Шаҳрдорӣ ҷузъиёти роҳбандиҳои 10-рӯзӣ ва қатъи ҳаракати троллейбусҳо дар Наврӯзро гуфт

Шаҳрдории Душанбе ҷузъиёти роҳбандиҳо дар пойтахт аз 12 то 21 март ва тағйирот дар ҳаракати нақлиёти мусофирбарро эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, аз 16 то 21 марти соли равон бо далели тамрини иштирокчиёни чорабиниҳои наврӯзӣ, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз соати 10:00 то 14:00 қатъ карда мешавад.

Раисҷумҳур ба шаҳри Ваҳдат меравад: 14 соати роҳбандӣ ва ҷашни Ваҳдат

Манбаъ афзуд, инчунин дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз 12 то 16 март ба далели тамринҳои наврӯзӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз соати 9:00 то 13:00 қатъ карда мешавад.

Шаҳрдорӣ таъкид кардааст, ки бо мақсади омодагиҳо ба таҷлили Иди байналмилалии “Наврӯз-2019” ҳаракати троллейбусҳои №1 ва 10 аз рӯзи 16 то 25 марти соли 2019 дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қатъ карда мешавад.

Мақомоти Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки дар ин рӯзҳо аз автобусҳои №3 ва №8 истифода намоянд.