Рустами Эмомалӣ барои омодагӣ ба мавсими “Ҳаҷ-2019” комиссияи шаҳрӣ таъсис дод

Дар Душанбе Комиссияи шаҳрӣ барои омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019” таъсис дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе 13 марти соли равон қарор дар бораи  таъсис додани комиссияи шаҳрӣ барои омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019”-ро ба исмзо расонд.

Дар ин  бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе.

Бадани обутобёфта ва донандаи арабӣ: озмуни Кумитаи дин барои интихоби роҳбалади Ҳаҷ

Бино бар иттилои манбаъ, тибқи қарори мазкур Комиссияи мазкур вазифадор шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019” тадбирҳои зарурӣ андешад.

Тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  муваззаф гардидаанд, ки барои қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис дода, ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи рӯйхат ба комиссияи шаҳрӣ то 25 марти соли 2019 пешниҳод намоянд.

Инчунин, дар қарор ҳамчунин омадааст, ки Раиси комиссияи шаҳрӣ доир ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019” дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми кори комиссия то 30 марти соли равон рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ирсол намояд.