Орумбекзода: мардуми Тоҷикистон ба фарҳанг ва санъати Корея эҳтироми хоса доранд

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо кордори сафорати Корея дар Тоҷикистон Лю Вучолро мулоқот анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва кордори сафорати Корея дар Тоҷикистон Лю Вучол дар мавриди таҳкими ҳарчи бештари ҳамкориҳои фарҳангӣ ва барномаҳо барои соли 2019 мулоқот намуданд. 

Зимни мулоқот Лю Вучол таъкид намудааст, ки дар соли 2019 баргузории ҳафтаи Корея дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Орумбекзода пешниҳод намудааст, ки кадрҳои ҷавони тоҷик дар ВГИК Русия таҳсил намоянд

“Ҳафтаи мазкур аз мусобиқа оид ба таэквандо, Фестивали филмҳои кореягӣ ва рӯзи Корея иборат хоҳад буд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Вазири фарҳанг иқдоми мазкурро ҷонибдорӣ намуда гуфт, ки мардуми Тоҷикистон ба фарҳанг ва санъати Корея эҳтироми хоса доранд ва онро меписанданд. Ва минбаъд дар доираи имкониятҳо ташкили чорабиниҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар музофоти кишвар низ барои шинос гардонидани аҳолӣ бо фарҳанг ва санъати Корея мусоидат хоҳад кард.

Ҷонибҳо инчунин доир ба фаъолияти Кумитаи “Санъати афсонагӯӣ”-и Кореягӣ, ки нашри афсонаҳои муаллифонро аз Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад, изҳори андеша намуда, онро барои рушди санъати афсонагӯӣ ва муттаҳид гардонидани кӯдакони кишварҳои гуногун муҳим арзёбӣ карданд.

Дар фарҷоми мулоқот ба Лю Вучол аз номи Вазорати фарҳанг мусаввараи кундал, ки аз нақшҳои чакан иборат буд, тақдим гардид.