Минниханов бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад

Рустам Минниханов, раисиҷумҳури Тотористон ҳафтаи оянда бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтушунид хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Лилия Галимова, масъули котиботи раисиҷумҳури Тотористон имрӯз ба расонаҳои кишвараш иттилоъ додаст, ки зимни сафари Минниханов ба Тоҷикистон ба равобит дар бахши саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия хостори тақвияти ҳамкориҳо бо Тотористон шуд

Галимова афзудааст, ки феълан дар маҷмуъ ба густариши равобити Тоҷикистону Русия таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад ва Тотористон ҳам хостори густариши муносибот бо Тоҷикистон мебошад.

Ӯ аз ҷумла содироти воситаҳои нақлиёти тавлиди “КАМАЗ”, ҳамкорӣ дар бахши энергетика, доруворӣ ва тибро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок хондааст.

Галимова зикр кардааст, ки додугирифти мол миёни Тоҷикистону Тотористон соли гузашта коҳиш ёфтааст ва махсусан воридот аз Тоҷикистон заиф мебошад.

Манбаъ афзудааст, ки феълан аз Тотористон ба Тоҷикистон каучук, резина, сӯзишворӣ, нафт, чӯб ва таҷҳизот аз металли сиёҳ содирот карда мешавад.

Боздиди раисиҷумҳури Тотористон аз Тоҷикистон 19 ва 20-уми март дар назар аст. Зимни сафар, анҷумани соҳибкорони ду кишвар баргузор мегардад, ки ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ равона шудааст.