Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Фаврӣ: боз тирпарронӣ дар Ворух - як тан кушта шуд

Исми шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон Тешаев Рафоиддин гуфта мешавад. Ҳодиса имрӯз, баъди зӯҳр соатҳои 15:15 рух додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Имрӯз, 14 март, баъди зӯҳр, тақрибан соатҳои 15:15 дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара  шаҳрвандони мусаллаҳи Қирғизистон ба ҷониби сокинони ҷамоат тир кушодаанд, ки дар натиҷа як нафари дигар кушта шудааст.

Дар ин бора расонаҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд.

"Феълан, маълум аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон  маҷрӯҳ ва як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд", - менависад Sugd News.

Исми шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон Рафоиддин Тешаев гуфта мешавад.

Бино бар иттилои манобеъ, шаҳрвандони Қирғизистон аз снайпер тир кушодаанд.

Маълум нест, ки далели задухӯрди навбатӣ дар чист.

Ба иттилои бархе аз расонаҳо, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара, ки барои баррасии вазъ субҳ ба ҷои ҳодиса рафта буданд, бо далели муҳосираи қирғизҳо наметавонанд ҷамоатро тарк кунанд.

Шарҳи расмии қазия феълан мунташир нашудааст.

Ҷанҷоли байни сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи дувум аст, ки идома меёбад. 13 март сокинони қишлоқи Тоҷикони ҷамоати Ворух ва Оқ-Сойи Ботканд ба ҷониби ҳамдигар санг партофта буданд.

Ҷанҷоли дигар байни қирғизҳо ва тоҷикон худи ҳамон рӯз, 13 март Хоҷа аълои ҷамоати Чоркӯҳ сар зад, ки дар натиҷа як сокини ҷамоат, Ҳусейн Ҳакимов кушта шуд.