Ҷавонони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон мехоҳанд ояндаро бидуни терроризм созанд

Ҷавонони вилояти Суғд дар вилояти Фарғонаи Узбакистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон таҳти унвони "Ояндаро бидуни терроризм месозем" фаъолона ширкат намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукуматӣи вилояти Суғд, дар ин рӯзҳо дар вилояти Фарғонаи Узбакистон Фестивали байналмилалии ҷавонон таҳти унвони "Ояндаро бидуни терроризм месозем" ҷараён дорад, ки дар он намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода иштирок доранд.

Дар фестивал мазкур ҷавонони вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони Узбакистон,  вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилоятҳои Ӯш, Ботканд ва Ҷалолободи Қирғизистон ширкат доранд.

Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гузаргоҳи нав ба баҳрабардорӣ расид

Дар маросими ифтитоҳи фестивал ҳокими вилояти Фарғонаи Узбакистон Шуҳрат Ғаниев, муовини Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода, муовини аввали раиси вилояти Ӯши Қирғизистон Бажит Юсупов ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки худи шиори фестивал бозгӯкунандаи ҳадафи он мебошад.

 “Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро таърих ва фарҳанги муштарак, ягонагии арзишҳои маънавӣ, ҷидду ҷаҳд ба сулҳ ва ризоият ба ҳам алоқаманд мекунанд.Анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобилаи тарафайн заминаи устувори ҳамкорӣ мебошанд. Кишварҳои мо дар таҳкими ҳамгироии байнидавлатӣ дар самти таъмини амнияту субот ва мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ манфиати ҳамсон доранд”, - қайд намудааст манбаъ.