Ҷанг бо истифода аз табар

Аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 50-солае ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз табар ба узвҳои бадани ӯ задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар содир намудани ҷинояти авбошӣ бо истифода аз табар як марди 52 соларо дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.  

Пешгирӣ аз задухӯрди ҳашт авбош бо корду табар дар Душанбе

Манбаъ афзудааст, ки кормандони милитсия сокини ҷамоати деҳоти Пистамазори ноҳияи Ш.Шоҳинро, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир кардаанд.

Номбурда 10-уми марти соли 2019, тахминан соати 17 ба 18:00-дақиқа, ҳангоми дар маркази деҳоти Ялабулии ноҳияи мазкур қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саричашмаи ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз табар ба узвҳои бадани ӯ задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.