Сафири нави Эрон дар Тоҷикистон вориди Душанбе шуд

Муҳаммадтақии Собирӣ сафири нави Эрон дар Тоҷикистон аз тариқи парвози Истанбул вориди Душанбе шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадтақии Собирӣ сафири нави Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон субҳи имрӯз аз тариқи парвози Истанбул вориди Душанбе шуд.

Лориҷонӣ ба сафири нав: равобит бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф муҳим аст

Қарор аст фардо Собирӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқот ва рунавишти эътимодномаи худро таслими вай кунад.

Собирӣ рӯзи ҷумъа 15 март таи маросими расмӣ ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, эътиборномаи худо тақдим ва ба унвони сафири Эрон дар ин кишвар расман оғоз ба фаолият хоҳад кард.

Мудири кулли Дафтари барномарезӣ ва таъмини манобеъи Созмони навсозӣ, тавсеа ва таҷҳизи мактабҳои кишвар, мудири кулли ташкилот ва будҷет ва муовинати умури идорӣ ва молии Вазорати умури хориҷа аз дигар собиқаҳои Собирӣ дар тули даврони хидматаш мебошад.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ пеш аз Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон буд.