Дар хариду фурӯши замини боғдор ҳилаву найранг карду ба даст хурд

Кормандони милитсия Тоҷикистон марди 41-солаеро дастгир карданд, ки ба қаллобӣ дар хариду фурӯши замин айбдор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, кормандони милитсияи кишвар марди 41-солаи сокини кӯчаи Телмани ноҳияи Рӯдакиро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. 

ВУД намунаи либосҳои нави политсияи Тоҷикистонро намоиш дод

Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда, соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини кӯчаи Қаротегини ноҳияи зикргардида даромада, қитъаи замини боғдории ӯро дар масоҳати 3-га ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ 0,20-га замин ва 60 ҳазор дона хишти пухта медиҳад.

Вазорати умури дохила хабар додааст, ки зимни тафтишо муайян шудааст, ки номбурда ин қитъаи заминро ба дигар шахс фурӯхта, такроран ваъдаи дурӯғ медиҳад, ки 20 ҳазор доллар медиҳад, аммо то ҳол маблағро барнагардонидааст.

 Ҳамчунин, кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

 Дар рафти тафтиш муайян гардид, ки номбурда моҳи ноябри соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Москваи ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 25 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.