500 доллар бар ивази шаҳодатномаи таҳсилоти миёна: мудири мактаб дастгир шуд

Мудири мактаби №10, ноҳияи Восеъ барои фурӯши шаҳодатномаи таҳсилоти миёна дастгир шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Кормандони Ожонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон директори мактаби  №10, ноҳияи Восеъро баро фурӯхтани  шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дастгир шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Ожонсии назорати давлатиии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Давлатова Ҷамиламо Муминовна, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, ноҳияи Восеъ, санаи 22 ноябри соли гузашта аз шаҳрванд Набиева Моҳинав Ҷабборовна барои ба номи Набиева Муборак Неъматовна бидуни хатми муассиса тайёр карда додани шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба сифати пора 500 доллар талаб карда гирифт.

Номбурда боз такроран бо ҳамин тарзу усул моҳи ноябри соли 2018 аз шаҳрванд Самиева Саёҳат маблағи 400 доллар ва моҳи декабри соли 2018 аз шаҳрванд Саидова Мунавара маблағи 4500 сомонӣ ба сифати пора гирифта, ба номбурдагон шаҳодатномаҳои қалбакии хатми мактабро тайёр карда додааст.

Ӣибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир нисбати ҳолатҳои дар боло зикршуда санаи 24 январи соли равон нисбати Давлатова Ҷ.М. бо моддаҳои 319 қисми 4 банди “а” ва 323 КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.