Бо тасмими Рустам Эмомалӣ дар Душанбе 4 рӯз намоишгоҳи маҳсулоти арзон баргузор мешавад

Ярмаркаҳо аз 16 то 20 март дар бозори “Меҳргон”-и ноҳияи Исмоъили Сомонӣ, назди кумитаи сохтусоз ва меъморӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар майдони Қароболо ва бозори “Деҳқон” дар ноҳияи Сино ва бозори “Саховат”-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор мегардад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Бо тасмими Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар пойтахт ярмаркаи фурӯши арзони масолеҳи кишоварзӣ роҳандозӣ мешавад, гузориш медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.

Бино ба иттилоъи манбаъ, ярмаркаҳо аз 16 то 20 март дар бозори “Меҳргон”-и ноҳияи Исмоъили Сомонӣ, назди кумитаи сохтусоз ва меъморӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар майдони Қароболо ва бозори “Деҳқон” дар ноҳияи Сино ва бозори “Саховат”-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин, ширкати “Тоҷикматлубот” ва ожонси давлатии захоири моддии кишвар низ фурӯши масолеҳи кишоварзиро роҳандозӣ мекунанд.

Дар ярмарка масолеҳи кишоварзӣ ба нархи арзонтар аз нархи бозор ба фурӯш хоҳанд рафт.