Аҳмадзода барои баргузории Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2019" қарор содир кард

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ҷалби сармоя дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik.  Қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар бораи баргузор намудани Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид, дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

"Суғд-2018" дар Хуҷанд: намоишгоҳи бузург ва фазои аҷиб

Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ҷалби сармоягузориву воридоти технологияҳои муосир рӯзҳои 21 -22 июни соли равон дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" баргузор мегардад.

Қарори раиси вилояти Суғд дар ин бора 7 марти соли равон ба имзо расидааст.

Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" ва дигар ҳамоишҳои вобаста ба он, аз ҷумла форуми тиҷоратию сармоягузорӣ ва озмуни вилоятии "Маҳсулоти беҳтарин" дар Муассисаи давлатии "Қасри варзиш"-и маркази вилоят гузаронида мешавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки тибқи қарори зикршуда ҳайати кумитаи тадорукот тасдиқ гардида, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка вазифадор гардидаанд.