ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино, сокини пойтахт, соли таваллудаш 1985 муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки 8 март 44 ҳазору 700 сомонии ӯро аз дасташ рабудаанд.
Ӯ афзудааст, ки нафари номаълум тақрибан соати 19:30-дақиқа, дар назди бинои №83-и кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 44 ҳазору 700 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
ВУД афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-сола, сокини кӯчаи Ҷаббор Расулови Душанбе бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид карданд, ки феълан ин қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад.